~~~ припев | chorus ~~~
Ёр, ба ҳусни рӯи ту
Лаҳзаи гуфтугӯи ту
Мерам агар ба кӯи ту
Роз маҷу, ки розӣям!
[2x]
~~~~~~~~~~~~~~~~
То дами буду буданам
Бо ғами ту фисуданам
Ҷон ба Худо супурданам
Роз маҷу, ки розӣям
Бо дили пора-пораам
Бистари санги хораам
Дӯст агар надориям
Роз маҷу, ки розӣям
припев | chorus
Нашунави овози маро
Баҳри ту — эҷози маро
Нозӣ маро, розӣ маро
Роз маҷу, ки розӣям
Дӯст манам ба душманӣ
Шамъ манам чу равшанӣ
Ишқи мани, ҷони мани
Роз маҷу, ки розӣям
припев | chorus
Роз маҷу, ки розӣям!