Дар ман ҳама хандаҳои дунё гирён,
Шодиву умедҳои зебо гирён.
Бар қисмати ман обу-ҳаво вайрон аст
Дарё гирён, домани саҳро гирён…
[2x]
Номам ба ҳама забони олам — Айлон
Рӯҳам ба ҳама макони олам — нолон
[2x]
Дар синаву дар нигоҳи ман ханҷари кист?
Хоки сари бепаноҳи ман кишвари кист?
[2x]
Бозичаи кӯдакӣи ман бишкаста, вой
Хуни дили бегуноҳи бар сари кист,
бар сари кист?
Дунёдорон! Фишон зи фарҳанги шумо!
Аз моли шумо! Сулҳи шумо! Ҷанги шумо!
[2x]
Биллоҳ ба Худо рӯзи ҷазо хоҳам гуфт,
Аз баҳси шумо, фиребу найранги шумо!
Номам ба ҳама забони олам — Айлон
Рӯҳам ба ҳама макони олам — нолон
[2x]